Пешниҳоди додани унвони дукаратаи “Қаҳрамони Тоҷикистон” ба Эмомалӣ Раҳмон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонИштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар саҳифаи Фейсбуки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Кӯлобу Турсунзода нашр шудааст, ки дар он ҷавонон ба мақомот пешниҳод намуданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон унвони дукаратаи “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҷавонони шаҳри Кӯлоб ва Турсунзода  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон унвони дукаратаи “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад.

“Хоҳиш менамоем ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои хизматҳои беназири таърихӣ, ки дар масири мавҷудияти халқи тоҷик қиммати бебаҳо дорад, унвони дукаратаи “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад”,- таъкид намудаанд ҷавонони Кӯлобу Турсунзода дар муроҷиатнома хаб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки пештар "Ҷавонони Тоҷикистон", нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат матлабе зери унвони “Иншооти президентӣ”-ро нашр карда буд, ки дар он пешниҳод шуда буд, нерӯгоҳи "Роғун" ба номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузоранд.

Дар мақолаи нашркардаи "Ҷавонони Тоҷикистон" таъкид шудааст, ин анъанаи таърихист, ки қасрҳову кушкҳо ва иншооти бузургро баҳри хизматҳои шоёни нафаре ба номи ӯ, ё бунёдгузори он мегузоранд.

Лентаи хабарҳо
0