17:36 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Девушки аплодируют президенту Таджикистана

Мақомоти Хуҷанд дар давоми се моҳ барои Тоҷикистон занҳои роҳбар омода мекунад

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
344 0 0

Мақомоти шаҳри Хуҷанд барои занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда курсҳои махсуси семоҳа ташкил кардааст. Дар ин курсҳои омӯзишӣ занону духтарони то то 30 сола ҷалб карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ахиран дар толори бинои мақомоти шаҳр курси семоҳаи омӯзишӣ “Зан-сарвар” барои омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда оғоз гардид.

Праздник дыни в Худжанде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар ин маҳфили омӯзишӣ занону духтарони болаёқат ҷалб шуда, машғулиятҳо дар як ҳафта як маротиба рўзи панҷшанбе сурат гирифта, аз тарафи устодону профессорони донишгоҳҳои олӣ, ҳуқуқшиносон, наттоққон, бонувони барӯманди дар вазифаҳои давлатӣ фаъолиятнамуда ва равоншиносон машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Ба ин маҳфили омӯзиши ҷавондухтарони то синни 20-30 сола ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

“Дар фарҷоми барнома ҳар як шунаванда соҳиби “Гувоҳнома” мегардаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар нахустин маҳфили омӯзишӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва Арбоби давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова баромад намуда ба шунавандагон доир ба мақоми зан дар ҷомеъа андешаронӣ намуданд.

Барчаспҳо:
роҳбар, вазифа, занон, курсҳои омӯзишӣ, духтарон, мақомот, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ