Файзов бо мақомдорони Бадахшон ба оромгоҳи Моёншо Назаршоев рафта гулчанбар гузоштанд

© Sputnik / Амир ИсаевБукет гвоздик в руке, архивное фото
Букет гвоздик в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар умр вафо мекард, имрӯз академик, арбоби сиёсию давлатӣ Моёншо Назаршоев 90 - сола мешуд. Ба ин муносибат, имрӯз аз оромгоҳи ин шахсияти таърихӣ, раиси вилоят ва чанд мақомдори дигари Бадахшон зиёрат намуданд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Имрӯз академики марҳум, арбоби сиёсиву давлатӣ Моёншо Назаршоев 90 - сола шуд.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар деҳаи Басиди водии Бартанг - Sputnik Тоҷикистон
Файзов беморхона, ҳаммом ва ҳоҷатхонаи бунёдкардаи гардишгарон дар Басидро кушод

 Ба иттилои котиботи мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз оромгоҳи ин шахсияти таърихӣ, раиси ин вилоят  Ёдгор Файзов, муовини раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёзода  ва собиқадорони меҳнат Соҳибназар Бекназаров ва дигарон зиёрат намуда, дар оромгоҳи ӯ дар деҳаи Хосаи ҷамоати Поршинев гулчанбар гузоштанд. 

Маврид ба зикр аст, ки Моёншо Назаршоев дар давоми фаъолияти омӯзгории худ дар Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ва баъдтар дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба тайёр ва тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ машғул буд.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Файзов: эътимоди мардуми Бадахшонро на танҳо дар сухан, балки дар амал низ эҳсос мекунам

Саҳми ин олим махсусан дар тарбияи зиёиён ва ходимони илмӣ хеле калон аст.

Хизматҳои Моёншо Назаршоев ҳамчун роҳбари вилоят дар инкишофи соҳаи маориф, илм ва фарҳанг низ хеле калонанд. Вай ҳамчун сарвар – олим   бар он кӯшиш ба харҷ медод, ки дар Бадахшон низ як маркази илмие таъсис ёбад. Бо дастгирии ӯ соли 1969 дар базаи Боғи ботаникии Помир институти биологӣ ташкил шуд, ки барои минбаъд инкишоф ёфтани тадқиқотҳои илмӣ дар Помир заминаи мустаҳкам гузошт.

Барои посдории номи неки ӯ соли 1999 хона-музеи Моёншо Назаршоев дар ноҳияи Шуғнон таъсис ёфта Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев гузошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0