07:24 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Лампы, архивное фото

Маҳдудияти барқӣ ё профилактика: имрӯз бархе аз кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе бебарқ мемонанд

CC0 / Pixabay / Bru-nO
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои пойтахт барқ хомуш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан, аз соати 09:00 то 16:00  қатъ карда мегардад.

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳри кӯчаҳои Пушкин, Ҳамзаалиев, Пролетарский  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Дустии Халқҳо, Хоруғ, Бадахшон, Маҳаллаҳои Каротегинская, Теппаҳои Шарқи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Корхонаи Таҷеро, Маҳаллаҳои 1-уми май, Якатут, ноҳияи Фирдавсӣ ва  кӯчаи Ҷаббор Расулов,  маҳаллаҳои Авул, Бунёдкорон, Чортеппа, ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Барчаспҳо:
бебарқӣ, пойтахт, кӯча, барқ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ