07:46 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с премьер-министром Японии Синдзо Абэ. Архивное фото

Таслияти амиқ: Эмомалӣ Раҳмон бо Синдзо Абэ изҳори ҳамдардӣ кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
54510

Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори офати табиӣ ҳамдардиву тасаллиятро ба пайвандону наздикони қурбониён, Ҳукумат ва мардуми Япония иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам, гуфта мешавад дар барқия таслият

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Шоми дирӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи даргузашти даҳҳо нафар шаҳрвандон ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари сар задани тӯфони “Хагибис” дар Ҷопон ба нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ барқияи таслият равон кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

“Хабари дар кишвари дӯсти Япония сар задани тӯфони “Хагибис”, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар шаҳрвандон ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард”, - гуфта мешавад дар мактуби изҳори ҳамдардии раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони қурбониён ва ҳукумати Ҷопон таслияти амиқи худро изҳор намудааст.

“Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи худро ба пайвандону наздикони қурбониён, Ҳукумат ва мардуми Япония иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - гуфта шудааст дар барқияи таслият.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар ҷопон дар пайи сар задани тӯфони шадид, ки “Хагибис” ном гирифт, даҳҳо нафар шаҳрвандони ҷопон ба ҳалокат расиданд ва садҳо нафари дигар осеб диданд. Тӯфони мазкур барои Ҷопон харобиҳои зиёдеро низ ба бор овард.

Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, таслият, Синдзо Абэ, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ