Ифтитоҳи Бунёди дасгирии соҳибкорӣ  дар Хуҷанд

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагии Бунёди дасгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Барои соҳибкороне, ки ба фаъолияти истеҳсоли маҳсулот машғуланд, аз ҳисоби маблағҳои Бунёд, қарзҳои камфоиз пешниҳод карда мешавад. 

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Эмомалӣ ба раҳбарон барои танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

Бахтиёр Абдуллоев, роҳбари намояндагии Бунёди дасгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, маблағҳои қарзие, ки аз тарафи ниҳоди онҳо пешниҳод мешаванд, назар ба қарзи бонкҳо то 50% (24%) кам буда, солона ба 12 % будааст.

“Бунёди дасгирии соҳибкорӣ бо мақсади рушду равнақ ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар роҳандозӣ карда шудааст. Бо ин ҳадаф соҳибкорон метавонанд, барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ аз Фонд, қарзҳои муҳлатнок бо фоизҳои нисбатан пастро дарёфт карда метавонанд”, афзуд Абдуллоев.

Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Ваҳдати миллӣ – омили асосии инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шуд

Ба ҳисоби шаҳри Хуҷанд, ҳоло намояндагии Бунёди дасгирии соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хоруғ дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Идораи муассисаи давлатии Бунёди дасгирии соҳибкорӣ то як соли пеш ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе амал мекард.

Таъсиси намояндагии ин Бунёд дар шаҳрҳои марказии вилоятҳои Тоҷикистонро масъулин  ба хотири рушду ривоҷ додани фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар арзёбӣ мекунанд.

Бунёди дасгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷҷаи Ҳукумати Тоҷикистон ташаккул ёфтааст. Сандуқи қарзии намояндагии Фонди дасгирии соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Хоруғ беш аз 14 милион сомонӣ гуфта мешавад. 

Завод по производству полиэтиленовых пакетов в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанд аз истеҳсоли маҳсулот наздик ба 1 миллиард сомонӣ хабар дод

Маблағи кредитии Фонд бештар ба фаъолияти соҳибкороне равона карда мешавад, ки ба истеҳсоли маҳсулот ва коркарди меваю сабзавот дар дохили кишвар машғул мешаванд.

Зимнан бонкҳои Тоҷикистон бо беш аз 24 % и солона қарзҳои кредиторӣ пешниҳод мекунанд, ки назар ба вазъи иқтисодии сокинон ин фоизҳо гарон арзёбӣ карда мешавад.

Механизми додани қарз аз ҷониби Бунёди дасгирии соҳибкорӣ, баъди омӯзиш ва хулосаи Шӯрои нозирон ва дар асоси тавсияи аъзои комиссия, ки аз масъулини сохторҳои давлатӣ иборатанд сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0