17:14 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Ахмадзода провел встречу с российскими бизнесменами

Содироти то 5 ҳазор тонна сабзӣ: бунёди корхонаи “Хуҷандагро” аз ҷониби соҳибкори тоҷик

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15101

Соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов ва соҳибкори рус Сергей Макаренко ба Хуҷанд омаданд ва то бо мақомоти олии вилоят дар бораи бунёди корхона дидору гуфтугӯ намуданд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Рӯзи 15 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов ва ҳамтои русаш Сергей Макаренкоро дидору гуфтугӯ кард.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Раиси вилояти Суғд рӯзи 21 сентябри соли равон дар пойтахти Русия бо соҳибкорони тоҷики муқими ин кишвар мулоқот карда, аз соҳибкорони бурунмарзӣ даъват карда буд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоянд.

Соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов пас аз иштирок дар ҳамоиши соҳибкорон тасмим гирифт, ки дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни руси худ дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нав бунёд намояд.

Манбаъ зикр намудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо таъкид намуданд, ки барои бунёди корхона аллакай корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст.

Бо ташаббуси ин соҳибкор корхонаи нави “Хуҷандагро” ба истифода дода хоҳад шуд, ки ба коркарди сабзӣ нигаронида мешавад.

Тибқи лоиҳа корхона метавонад дар як шабонарӯз то 50 ҳазор тонна сабзиро коркард сохта, аз 3 то 5 тонна сабзии хушк истеҳсол ва онро ба Русия содирот намояд.

Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, содирот, корхона, тоҷик, Тоҷикистон, Суғд, Хуҷанд, соҳибкор

Мавзӯъҳои асосӣ