Вячеслав Володин шоми имрӯз озими Тоҷикистон мешавад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПредседатель Государственной думы РФ Вячеслав Володин, архивное фото
Председатель Государственной думы РФ Вячеслав Володин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми имрӯз Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Россия Вячеслав Володин бо сафари расмии серӯза ба Душанбе меояд.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шоми имрӯз Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Русия Вячеслав Володин озими Тоҷикистон мешавад.

Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон
Бо даъвати Раҳмон: эълони рӯзи сафари Вячеслав Володин ба Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, Раиси Думаи давлатии Россия рӯзи 19 октябр, бо мақомоти олии Тоҷикистон ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дидору мулоқот доир мекунад.

Зимнан манбаъ меафзояд ,ки Володин дар ин рӯз ба майдони "Дӯстӣ"- и шаҳри душанбе рафта, бар пояи муҷассамаи исмоили сомонӣ, Маҷмааи меъмории "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" гулчанбар мегузорад.

Зуҳуров ва Володин тасмим гирифтанд ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш диҳанд

Дар назар аст, ки меҳмон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва "Кохи Наврӯз" дидан намояд.

Инчунин, Вячеслав Володин зимни сафараш ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон хоҳад рафт ва бо донишҷӯёну устодони ин донишгоҳ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Вячеслав Володин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Володин: хатари террористӣ дар ҷануби Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Сафари раиси Думаи давлатии Русия то 20 октябр давом мекунад.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Вячеслав Володинро моҳи апрел ҳангоми сафари расмиаш ба Русия, ба Тоҷикистон даъват карда буд.

"Ман мехоҳам Шуморо ҳамроҳ бо намояндагони фраксияҳо ба Тоҷикистон даъват намоям", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти дуҷониба бо Вячеслав Володин.

Лентаи хабарҳо
0