01:26 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Малика Шукурова

“Помир маро мафтун кард”: блогердухтар мухлисонашро ба омӯзиши забони шуғнонӣ даъват кард

© © Youtube / Malika Shukurova
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26810

Забони шуғнониро мисли дигар забонҳои помирӣ хатари нобудшавӣ таҳдид карда истодааст, барои ҳамин ин блогнавис тасмим гирифтааст, ки ин забонро дар байни мардум паҳн намояд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Малика Шукурова зодаи Душанбе худ ба омӯзиши забони шуғнонӣ машғул шудааст ва мехоҳад ба воситаи наворҳояш ин забонро ба ҷавонон омӯзонад.

Кӯшишҳои Малика дар шабакаҳои иҷтимоӣ диққати бинандагонро ба худ ҷалб кардааст. Ба ин хотир Sputnik  Тоҷикистон тасмим гирифт бо ӯ шинос шуда, дар бораи нақшаҳояш шинос шавад.

Малика ҳамагӣ 20 сол доард ва аз рӯи ихтисос журналист мебошад. Ӯ ҳаёташро бе санъат тасаввур карда наметавонад.

“Мусиқӣ менавозам, месароям бо асбобҳои гуногун менавозам, расомӣ мекунам ва инчунин сабти наворҳои гуногунро дӯст медорам”, - мегӯяд Малика.

Чанде пеш ин ҷавондухтари наворҳои гуногун дар бораи забонҳои помирӣ сабт карда буд. Ба гуфтаи ин блогер ӯро ҷашнвораи ҳамасолаи “Боми Ҷаҳон” дар Хоруғ бисёр тасхир кардааст. Ӯ аз мусиқиҳои помирӣ илҳом мегирад. 

“Ман дар он ҷо мусиқиҳои нотакрор шунидам ва бисёр мехостам як ҷузъи он бошам. Ман, ки мусиқӣ эҷод мекунам ва суруд мехонам бисёр мехостам, ки боре мусиқии помирии худро эҷод кунам. Аммо барои ин аввал забонро бояд омӯхт”, - мегӯяд ӯ.

Вай худ ба омӯзиши забони шуғнони шуруъ карда, дар наворҳояш аз он нақл мекунад, ки Помир дар куҷо ҷойгир аст, ин ном чӣ маъно дорад, кадом шеваю забонҳо дар инҷо вуҷуд дорад ва ғайраҳо. Масалан ӯ мегуяд, ки мафҳуми “забони помирӣ” нодуруст аст, чун ки дар Помир якчанд забони алоҳида вуҷуд дорад ва онҳо ба ҳар минтақа таалуқ доранд.

“Ин забонҳо мурда ҳисобида мешаванд. Онҳоро дар омӯзишгоҳҳо намеомӯзонанд ва бо ин забонҳо китоби зиёд ҳам вуҷуд надорад. Онҳо ба дигарон паҳн карда намешаванд. Забонҳои помирӣ дар оилаҳо аз насл ба насл мегузаранд”, - қайд кардааст Малика.

Китобҳои омӯзишӣ бо забони шуғнонӣ дар интернет қариб, ки нест, барои ҳамин Маликаро дугонаҳояш дар омӯзиши забони шуғнонӣ кумак мекунанд ва барои ин ӯ аз дугонаҳояш зиёд минатдор аст. Ва ҳатто яке аз дугонаҳояш калимаҳои шуғнониро ба ӯ дар шакли транскрипсия навишта медиҳад.

“Мо алакай метавонем соманаи матнҳои  сурудҳои помириро ташкил кунем”, - мегуяд Малика.

Ба гуфтаи худаш гарчанде, ки ӯ забонро ҳоло хуб наомухтааст, аммо бе “аксент” гап мезанад.

“Бо ин забон фикр кардан ва ҷумла сохтан ҳоло бароям душвор аст. Аммо калима ва ибораҳои рӯзғор алакай бароям худӣ менамоянд”, - илова кард ӯ.

Гуфтагӣ барин аввалин калимае, ки ӯ аз забони шуғнонӣ омӯхтааст ин ҳангоми мактабхонӣ будааст, ки ин ибора чунин аст:  "uzum tu zhiwj" – ман туро дӯст медорам.

Малика бар он аст, ки барои мухлисонаш назорат бурдан аз саҳифаи иҷтимоии ӯ ҷолиб аст.

“Наворҳои ман аслан барои мардуми Помир ҷолиб аст, чунки онҳо ба наворҳоям зиёд шарҳ менависанд. Фикр мекунам бо дидани наворҳои ман дар баъзеҳо хоҳиши омӯзиши забони шуғнонӣ пайдо шудааст. Масалан як духтари қирғиз навореро ба ман фиристод, ки дар он ӯ ва дугонааш ки помирӣ аст сабти маро тамошо мекунанд. Ман дар он навор бо забони шуғнӣ аз 1 то 10 ҳисоб мекунам. Фикр мекунам вай алакай ин ҳисобро медонад. Дар асл ҳамаи ин сода менамояд, аммо касе дар бораи онҳо чизе намегӯяд”, - хулоса кард ӯ.

Барчаспҳо:
духтар, Бадахшон, Помир, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ