18:41 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Межпарламентская ассамблея СНГ

Зуҳуров: бояд коре кунем, ки соҳибкор барои Тоҷикистон омаданаш натарсад

© Sputnik / Алексей Даничев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
649 0 0

Субҳи имрӯз мулоқоти роҳбарони палатаҳои поёнии Русияву Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши муҳоҷират, иқтисод ва сайёҳӣ баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мулоқоти парлумонии Русияву Тоҷикистон, ки бо ҳузур раиси Думаи давлатии Русия дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, аз сатҳи ҳамкорӣ хос миёни ду кишвар таъкид намуд.

Вай гуфт, гардиши молу маҳсулот миёни Русияву Тоҷикистон наздик ба 900 миллион долларро ташкил медиҳад. Вай илова кард, ки ин ҳамкорӣ ба қадри кофӣ нест ва онро метавон боз ҳам тақвият дод.

Зуҳуров таъкид доштааст, ки иқтидори тиҷорӣ миёни ду кишвар аз он чизе, ки ҳоло ҳаст бештар.

“Мо бояд ҳар корро анҷом диҳем то соҳибкорон аз омадан ба Тоҷикистон натарсанд”, - қайд кард Зуҳуров.

Вай инчунин зикр кард, ки Тоҷикистон аз захираҳои табиӣ ба монанди нуқра, тилло ва ураниум бой аст.

“Чиниҳо дар Тоҷикистон бо шартҳои имтиёзнок кор мекунанд. Онҳо имтиёзҳои рақобатпазирӣ гирифтаанд ва мо мехоҳем, ки Русия ҳам аз ин имтиёзҳо бархурдор бошад”, - таъкид доштааст Шукурҷон Зуҳуров.         

Барчаспҳо:
баррасӣ, мулоқот, иқтисод, муҳоҷират, Шукурҷон Зуҳуров, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ