00:47 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Оператор с видеокамерой, архивное фото

Мақомоти Данғара дар назди мардум ҷавоб мегӯяд: саволу ҷавоб дар барномаи телевизионӣ

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36310

Имрӯз дар телевизиони “Хатлон” барномаи мустақими "Рӯ ба рӯ бо тамошобин" баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти ноҳияи Данғара ба саволҳои шаҳрвандон посух хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Шоми имрӯз, 21 октябр, соати 19:00, тариқи телевизиони “Хатлон” барномаи мустақими “Рӯ ба рӯ бо тамошобин” баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти ноҳияи Данғара иштирок намуда, ба саволҳои шаҳрвандон посух хоҳанд гуфт.видиокамера

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, барномаи тевизионии мазкур тибқи дастури раиси вилояти Хатлон бо мақсади таъмини шаффофияти кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дастрасӣ ба ахбори саҳеҳу саривақтӣ ва расидагӣ кардан ба мушкилоти мардум таъсис дода шуда, дар он роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилоят иштирок мекунанд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ки қаблан дар барномаи мазкур аллакай раисони шаҳрҳои Бохтар ва Левакант иштирок ва ба саволу дархости шаҳрвандон ҷавоб гуфтаанд.

Манбаъ қайд намудааст, ки агар сокинон ба роҳбарияти ноҳияи Данғара суолу дархост ва ё пешниҳод дошта бошад, метавонед тариқи телефонҳои 888-89-08-84, 888-89-08-85, 888-89-08-86 дар тамос шуда, ба иштирокдорони барнома пешниҳод намоянд.

Барчаспҳо:
барнома, ҷавоб, шаҳрвандон, телевизион, мақомот, Данғара, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ