Дар Хуҷанд кӯчаи Грибоедов ба номи Қодир Раҳимов иваз карда мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешГород Худжанд, архивное фото
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд чандин масоили доғи рӯз аз ҷумла масъалаи иваз намудани номи кӯчаи Грибоедов ба номи Қодир Раҳимов баррасӣ ва онро якдилона тасдиқ намуданд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар Тоҷикистон номгузорӣ ба таври “советӣ” манъ карда шуд

Зимни ҷаласа, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доир ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Дуредгарон”, № 6 Мақсуд Зиёбоев ба самъи вакилон расонида шуд.

Ҳамзамон вакилон масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ доир ба иваз намудани номи кӯчаи Грибоедов ба номи Қодир Раҳимов, гузоштани лавҳаи хотиравии Зиё Зиёбоев ба кўчаи Хуҷанд, ҳавлии №67, гузоштани лавҳаи хотиравии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Муҳаммадҷон Тоиров ба суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Баҳор, бинои №7, лавҳаи хотиравии Орипова Гавҳар ба гимназияи № 24 баъди баррасӣ онро якдилона тасдиқ намуданд.

Ҳамчунин вакилон қарорҳои раиси шаҳри Хуҷанд доир ба масоили кадриро тасдиқ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0