23:12 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Турист фотографирует пейзажи

Бонки ҷаҳонӣ монеаҳои рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистонро эълон кард

© Sputnik / Игорь Онучин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
211 0 0

Бонки ҷаҳонӣ гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, камбуди ҳотел ва шароити номусоиди беҳдоштӣ дар ноҳияҳои куҳистонии Тоҷикистонро аз монеаҳои рушди гардишгарӣ дар ин кишвар унвон кардааст

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши хууд дар бораи мушкилоти бахши гардишгарии Тоҷикистон навиштааст, ки камбуди парвоз ба кишварҳои дур, гаронии  чиптаи ҳавопаймо, камбуди меҳмонхонаҳо ва шароити номусоиди беҳдоштӣ дар ноҳияҳои куҳистонии Тоҷикистон аз ҷумла монеаҳои рушди гардишгарӣ дар ин кишвар аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Андрия Далел Алия коршиноси Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки теъдоди зиёде аз гардишгарони хориҷӣ қасд доранд бо ҳавопаймо ба вилояти куҳистонии Бадахшон сафар кунанд, аммо дар масири Душанбе ва шаҳри Хоруғ маркази ин минтақа парвозе анҷом намешавад.

Ҳамчунин Татияна Сегал коршиноси дигари Бонки ҷаҳонӣ мегуяд, ки ин ниҳоди молии байналмиллалӣ барои тавсеаи зерсохтҳои гардишгарӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон 30 миллион доллар кумак ихтисос додааст, ки панҷ миллион доллари он дар минтақаҳои марзии вилояти Хатлон ва се ноҳияи вилояти Бадахшон ҳазина хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар Нуъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон эълом кардааст, ки аз ибтидои имсол наздик ба як миллион гардишгар аз 140 кишвари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд.

Вай гуфтааст, ки Тоҷикистон бо 110 кишвари ҷаҳон низоми дарёфти визаро тасҳил ва бо 10 кишвар бекор кардааст.

Барчаспҳо:
монеа, куҳистон, гардишгарӣ, камбудиҳо, ҳавопаймо, чипта, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ