20:22 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Учения ОДКБ Нерушимое братство-2019 в Таджикистане

Оғози бузургтарин тамриноти низомии 6 кишвар дар наздикии марзи Афғонистон

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
47510

Дирӯз дар “Ҳарб-Майдон”-и вилояти Хатлон тамриноти муштараки низомии 6 кишвар узви СПАД бо номи “Бародарии шикастнопазир 2019” дар наздикии марзҳои Афғонистон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар тамрингоҳи ҳарбии “Ҳарб-Майдон”-и вилояти Хатлон машқҳои васеи низомӣ таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир-2019” оғоз гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ машқҳои муштараки низомиёни кишварҳои узви СПАД, то 29 октябр идома хоҳанд ёфт.

Дар ин тамринот 6 кишвари Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузур доранд.

“Тибқи нақша, дар доираи баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ гурӯҳҳои амалиётии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СПАД ва интиқоли теъдоди неруҳои муайяншудаи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон  ва Русия муҷаҳҳаз бо силоҳ, техникаҳои зиреҳпӯш, захираҳои лавозимоти ҷангӣ  ва дигар дастгоҳу маводи зарурӣ тавассути ҳавопаймоҳо, авиатсияи ҳарбию нақлиётӣ ва роҳ ба Тоҷикистон сурат мегиранд”, — таъкид намуд вазорати дифои кишвар.

Инчунин манбаъ қайд намудаааст, ки шоми ҳар рӯз баъди баргузор намудани машқҳо таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир мегарданд.

Барчаспҳо:
СПАД, марз, кишвар, тамриноти низомӣ, тамрин, Афғонистон, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ