18:06 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото

Фурудгоҳи байналмилалӣ: таъмири шаш бинои истиқоматӣ бо супориши Рустами Эмомалӣ анҷом ёфт

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
391 0 0

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе эълон намудааст, ки таъмири 4 бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва 2 бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ахиран дар ҷаласаи корӣ вобаста ба фаъолияти 9 моҳи соли равон эълон кард, ки бо супориши Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр Душанбе, таъмири 6 бинои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣба анҷом расид.

"Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе таъмири намои 4 бинои истиқоматии чорошёна дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва 2 бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ пурра ба анҷом расонида шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Рустами Эмомалӣ барои баррасии фоидаи сарфакорӣ ба фарду оила 2 475 сомонӣ ҷудо кард

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон як адад майдончаи варзишӣ, ки дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, пурра сохта, ба истифода супорида шуд.

Инчунин дар ҳоли ҳозир, сохтмон дар майдончаи варзишӣ дар кӯчаи ба номи Н.Ганҷавии шаҳри Душанбе идома дошта, ин майдонча низ дар моҳи наздик ба истифода супорида мешавад.

Барчаспҳо:
супориш, Рустам Эмомалӣ, истиқоматӣ, бино, кӯча, Душанбе, фурудгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ