00:23 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе

Дар Тоҷикистон кушодани тиҷорат осон мегардад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26410

Дар Тоҷикистон ба ислоҳи қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”-ро иҷоза доданд, ки мувофиқи он ситонидани баъзе хироҷҳо барҳам мехӯранд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон супурдани боҷи давлатӣ барои ба қайд гирифтан ва ё бекор кардани фаъолияти соҳибкорӣ новобаста аз самти онро бекор мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Тағйироти пешбинишуда ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” имрӯз аз ҷонибӣ маҷлиси намояндагони кишвар қабул шудааст”, - гуфтаанд дар Парлумони кишвар.

Ҳамин тавр тоҷиронро дигар зарурати супурдани маблағ барои ба қайд гирифтан ва аз қайд хориҷ шудани фаъолияти соҳибкории шакли тиҷорӣ ва ё ғайрӣ тиҷорӣ – ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори хусусӣ, вуҷуд дошта наметавонад.

Қайд шудааст, ки тағйиру иловаҳои мазкур баҳри сарфи вақт ва маблағи соҳибкорон ва ашхоси хоҳиши соҳибкор шудан равона шудааст.

Ин иқдоми ҳукумати кишвар боис мегардад, ки ҷойи Тоҷикистон дар раддабандии Бонки ҷаҳонӣ оид ба “тиҷорат” ва “қайди соҳибкорӣ” боло равад.

Барчаспҳо:
боҷ, соҳибкор, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ