Дар Тоҷикистон фаъолияти 123 утоқҳои дандонпизишкӣ ва 157 кошонаи ҳусн қатъ гадид

Обуна шудан
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон намудааст, ки барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ роҳбарияти 97 утоқҳои дандонпизишкӣ, 127 сартарошхона ва 173 кошонаи ҳусн ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар”, давоми нуҳ моҳи соли равон мутахассисони  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ  нисбати  роҳбарияти  97 муассисаи стоматологӣ, 127  сартарошхона ва 173  кошонаи ҳусн  санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода,  онҳоро 111 295 сомонӣ ҷарима кард.

Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бастани 7 кошонаи ҳусн ва ҷаримаи 10 корманд дар Бохтар

Раҳимзода барои занон-кормандони ВКД кошонаи ҳусн ифтитоҳ кард

Инчунин, манбаъ зикр намудааст, ки фаъолияти 123 дандонпизишкӣ, 81 сартарошхона ва 157 кошонаи ҳусн бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуд.

Ҳамзамон аз тарафи шуъбаҳои воҳидҳои сохтории хадамот 132 ҳазору 227 кило маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда бо роҳи сӯзондан нобуд гардиданд.

Нархи зебоӣ: духтари тоҷик барои ҳуснаш чӣ қадар пул сарф мекунад?

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои пурзур намудани назорати фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои дандонпизишк гурӯҳҳои корӣ таъсис дода буд.

Лентаи хабарҳо
0