04:52 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Горный туризм, архивное фото

Тоҷикистон ба рейтинги ҷаҳонии беҳтарин ҷойҳои саёҳат дар соли 2020 ворид шуд

CC0 / pexels
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
15710

Ин рейтинги ҳарсоларо нашриёти Lonely Planet (Австралия) интишор дод, ки аз се қисмат иборат аст — 10 кишвар, 10 минтақа ва 10 шаҳри ҷолибтарин.

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Нашриёти Lonely Planet феҳристеро ба чоп расонидааст, ки тибқи он Тоҷикистон дар феҳристи беҳтарин ҷойҳои саёҳат дар соли 2020 ворид карда шудааст,  иттилоъ додааст сомонаи расмии рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар истинод ба "Комерсант".

Дар феҳристи Lonely Planet ба ҷои аввал Шоҳигарии Бутанро бо табиати афсонавияш гузошт. Дар гурӯҳи шаҳрҳо Залсбург (Австрия) дар сархат аст, ки он ҷо соли оянда бори 100-ум фестивали машҳурии мусиқавии Залсбург баргузор мегардад.

Дар гурӯҳи сеюм ҷои аввал ба он қисмати Роҳи бузурги абрешим, ки тавассути Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон мегузарад, ҷой дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ дар бораи мушкилоти бахши гардишгарии Тоҷикистон навиштааст, ки камбуди парвоз ба кишварҳои дур, гаронии  чиптаи ҳавопаймо, камбуди меҳмонхонаҳо ва шароити номусоиди беҳдоштӣ дар ноҳияҳои куҳистонии Тоҷикистон аз ҷумла монеаҳои рушди гардишгарӣ дар ин кишвар аст.

Коршиноси Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки теъдоди зиёде аз гардишгарони хориҷӣ қасд доранд бо ҳавопаймо ба вилояти куҳистонии Бадахшон сафар кунанд, аммо дар масири Душанбе ва шаҳри Хоруғ маркази ин минтақа парвозе анҷом намешавад.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ 604,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд.

524,8 ҳазор, ё 86,9 дарсади меҳмонони хориҷӣ бо ҳадафи хусусӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ҳамчунин 3,9 дарсад, ё 23,7 ҳазор тан аз ин меҳмонон гардишгарон буданд.

Барчаспҳо:
гардишгарӣ, сайёҳат, Тоҷикистон, феҳрист, рейтинг

Мавзӯъҳои асосӣ