19:05 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон Қонуни афвро имзо кард: 20 ҳазор зиндонӣ бахшида мешаванд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
838 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Қонуни афв имзо гузошт. Ҳамакнун 20 ҳазор зиндонӣ ба озодӣ мебароянд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik.  Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пас аз тасдиқ шудани қонуни афв аз ҷониби парлумони кишвар онро имзо кард.

маврид ба зикр аст, ки қонуни мазкурро раисҷумҳури Тоҷикистон дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи  Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  пешниҳод шуда буд.

Вакилони парлумон қонуни афвро баррасӣ карданд

Ҳамакнун бо имзо шудани қонуни мазкур дари маҳбусхонаҳо ба рӯи 20 ҳазор маҳбус боз хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки қонуни афв нисбати 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Раисҷумҳур ба муносибати ҷашни Истиқлолият 868 маҳбусро афв кард

Зимнан, мақомоти дахлдори кишвар  бояд дар мӯҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намуда, ба раисҷумҳури Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Барчаспҳо:
имзо, қонуни авф, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ