20:07 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Заброшенные жилые дома в приграничном с Таджикистаном селе. Архивное фото

Шабафрӯз - cармуҳаррири нашрияи “Нури маърифат” дар Вахш соҳиби қитъаи замин шуд

© Sputnik / Эмиль Садыров
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Мақомоти ноҳияи Вахш эълон намудааст, ба сармуҳаррири нашрияи “Нури маърифат” ва 47 нафари дигар, ки омӯзгору табиб ва оилаҳои камбизоату ниёзманд мебошанд, қитъаҳои замин ва манзил додааст

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Вахш тибқи дастури раиси вилояти Хатлон ба 48 омӯзгору табиб ва оилаҳои камбизоату ниёзманд қитъаҳои замин ва манзил дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки миёни омӯзгорону табибон ва оилаҳои ниёзманде, ки соҳиби замин шудаанд, сармуҳаррири нашрияи шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш “Нури маърифат” Ашӯргул Солеҳова низ мавҷуд аст.

“Ашӯргул, ки дар миёни аҳли адаб бо тахаллуси Шабафрӯз муаррифӣ шудааст, тӯли 14 соли баъд аз издивоҷаш бо шавҳару се фарзандаш дар хонаи падар ё дар манзили иҷора иқомат мекард”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамакнун бо қарори раиси ноҳияи Вахш дар маркази шаҳраки Вахш ба хонаводаи Шабафрӯз аз ҳисоби заминҷойи масҷидҳои ғайрирасмие, ки фаъолияташон қатъ гардидааст, қариб се сотих замин барои бунёди манзил дода шуд.

Ҳамин тавр, танҳо дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия 18 корманди соҳаи маориф ва тандурустӣ низ соҳиби манзилё қитъаи замин шуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки Ашӯргул Солеҳова бо тахаллуси Шабафрӯз муаллифи се маҷмӯаи ашъор бо номҳои “Гули бодом”, “Қисматсарои миллатам”, “Пайғоми Хуросон” мебошад.

Мавсуф инчунин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (с. 2014), барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт (с. 2013) будааст.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, манзил, замин, нашрия, мақомот, Вахш

Мавзӯъҳои асосӣ