Муҳлати ҳабси Алмосбек Отамбоев то 26 декабр тамдид шуд

© REUTERS \ Vladimir PirogovБывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳ муҳлати ҳабси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистонро то 26 декабри соли равон тамдид кард

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Додгоҳи Первомайский Қирғизистон муҳлати ҳабси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишварро барои ду моҳи дигар тамдид кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Вакили Алмосбек Отамбоев рӯзи шанбе бо ишора ба ин ки додгоҳи Қирғизистон муддати ҳабси вайро то ду моҳи дигар тамдид кардааст, гуфт, Отамбоев дастикам то 26 декабр дар зиндон хоҳад монд ва пас аз он дастгоҳи қазоӣ дар бораи тамдиди муҷаддади ҳабси вай тасмимгирӣ хоҳад кард.

Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Палатаи Конститутсионӣ маҳрум шудани Отамбоев аз мақоми собиқ президентиро таҳқиқ мекунад

Ба гуфтаи вакил ин тасмимро додгоҳ бидуни ҳузури Алмосбек Отамбоев қабул кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 июни соли ҷорӣ парлумони Қирғизистон комиссияи махсусро ташкил намуд, ки онҳо даст доштани Отамбоевро дар содир намудани 6 ҷиноят собит карданд.

Ҳамин тавр, Додситонии олии ин кишвар дар асоси хулосаҳои баровардаи комиссия, рӯзи 27 июн Алмосбек Отамбоевро аз мақоми собиқ раисҷумҳур ва дахлнопазирӣ маҳрум намуд.

Бояд гуфт, ки Отамбоев сар аз 7 - уми августи  соли равон то кунун дар боздоштгоҳи КДАМ Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад ва алайҳи ӯ наздики 14 парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Зимнан, додгоҳи Қирғизистон чандин маротиба бидуни ҳузури Отамбоев баррасии парвандаҳое, ки ба ӯ дахл доранд, баргузор намуда буд.

Отамбоев мегӯяд, дар нақше, ки барои ӯ сохтаанд, ҳаргиз бозӣ намекунад.

Лентаи хабарҳо
0