07:34 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Спичка, архивное фото

Барқкушӣ дар Душанбе: бархе кӯчаҳои пойтахт боз бе барқ мемонанд

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомӯш мешавад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 16:00 қатъ карда мешавад.

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, имрӯз кӯчаҳои М.Турсунзода ва М. Қурбонӣ ноҳияи Сомонӣ бе неруи барқ мемонанд.

Ҳамзамон интиқоли неруи барқ ба кӯчаҳои Н.Муҳаммад, маркази савдои Волна воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур аз нуреи барқ дар ин соат маҳрум мешаванд.

Барқкушӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо ва чанд соат бебарқ мемонанд?

Маҳаллаҳои Якатут, 1 - май, Аллачабов, Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамчунин кӯчаҳои Ҷ. Расулов, Р. Набиев ва Зарафшони ноҳияи Сино аз истифодаи неруи барқ бенасиб хоҳанд монд.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондода пайваст карда мешавад.

Барқкушӣ: имрӯз боз кадом кӯчаҳои Душанбе бе барқ мемонанд?

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Барчаспҳо:
кӯчаҳо, бебарқӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ