15:25 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Махфират Хидирзода

Тағйироти кадрӣ: Хидирзода бо пешниҳоди Раҳмон вазифаи нав гирифт

© Sputnik Махпора Киромова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1070 0 0

Бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 25 октябри соли равон муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова узви Маркази интихот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон барканор шудааст.

Ба хабари сомонаи Tajikistantimes, Махфират Хидирова бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардидаст.

Раиси Хатлон аз рафти иҷрои қарорҳояш розӣ нест

Манбаъ меафзояд, ки курсии Махфират Хидирова холист ва то ҳол касеро ҷойгузинӣ ӯ интихоб накардаанд.

Махфират Хидирзода  доктори илмҳои фалсафа, профессор буда, соли 2000 бо мукофоти давлатии Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, соли 2011 бо медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шудааст.

Интиқоди Хидирзода аз волидони бемасъул, ки 1 миллион сомонӣ ҷарима шуданд

Солҳои 2010-2013 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва солҳои 2013-2016 — Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон буд.

Барчаспҳо:
Махфират Хидирзода

Мавзӯъҳои асосӣ