19:23 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев. Архивное фото

Николай Патрушев ба Душанбе меояд: амниятиҳои Русияву Тоҷикистон чиро баррасӣ мекунанд?

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
198 0 0

Рӯзҳои 30-31 октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Русияву Тоҷикистон баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Имрӯз ҳайати коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амнияти Русия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти ин кишвар Николай Патрушев  ба Душанбе ташриф меорад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.

Тавре манбаъ хабар додааст, Николай Патрушев рӯзҳои 30-31 октябри соли равон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ва Узбакистон сафар хоҳад кард.

Мақсади сафари ӯ ба Тоҷикистон иштирок дар машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти ду кишвар будааст.

Инчунин қарор аст, Николай Патрушев бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро низ баррасӣ намояд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи саӣёри раисони кумитаҳо ва комиссияҳо доир ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои СПАД баргузор шуда буд.

Барчаспҳо:
коршиносон, Шӯрои амният, амният, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ