08:26 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Чаро Носирҷон Салимӣ аз вазифаи роҳбари Институти забон ва адабиёт сабукдӯш шуд?

Sputnik / Дмитрий Астахов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
756 0 0

Носирҷон Салимӣ аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон сабукдӯш гардид

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Академик Носирҷон Салимӣ бинобар сабаби пайвастан ба узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон роҳбарии канор гузошт, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон”.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда вазифаашро баъди як муддати кӯтоҳи тарк кардааст.

Носирҷон Салимӣ нахустин нафаре буд, ки дар матбуот ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар додани унвони “Пешвои миллат”-ро пешниҳод карда буд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар додааст, ки шуруъ аз санаи 25 октябри соли равон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар Носирҷон Салимӣ дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Юсуфзода Носирҷон Салимӣ, доктори илмҳои филология,    профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон  буда дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.

Фаъолияти кориро аз маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” ва фаъолияти роҳбариро аз  директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998-1999) оғоз намуда, баъдан ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(1999-2001), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (то соли 2010), ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (то соли 2012), директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (то соли 2014) ва то охири  соли 2018 ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст.

Баъди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ аз ин ба баъд узви Комиссияи интихобот вазифаи доимамалкунанда мебошад. Қаблан ин вазифаи ҷамъиятӣ буд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан низ Мағфират Хидирзода аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон барканор шуд ва узви Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шуд.

Барчаспҳо:
вазифа, забон, адабиёт, сабукдӯш, Академияи илмҳо, Рӯдакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ