14:07 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Жители идут по снежной каше, снег убирают плохо

Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
401 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борон. бошиддат дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ борон борида, шабона дар баландиҳои беш аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст.

Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6   ва рӯзона 8+13 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 2+7  дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борон меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 5-10 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5  ва   рӯзона    6+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок шуда,  борон меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон шиддат гирифта, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12  ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1+6  ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрнок  шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона  16+18 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
барф, борон, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ