Ҳушдори КҲФ аз якбора сард шудани ҳаво аз 1-уми ноябр: Кумита гуфт, чӣ кор бояд кард

© SputnikСнег в парках и скверах Душанбе
Снег в парках и скверах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз якбора сард шудани боду ҳавои Тоҷикистон аз оғози моҳи ноябр то 4 -уми ҳамин моҳ ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз 1 то 4-уми ноябри соли равон ҳаво сард мешавад.

Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Бино ба гузориши КҲФ дар ин рӯзҳо дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барф меборад. Бод бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо  8 °С-ро ташкил медиҳад.

КҲФ ҳушдор медиҳад, ки бар асари боди сахт эҳтимол дорад хати интиқоли нерӯи барқ хароб шавад, шикастани дарахтон, ҳамчунин  хароб шудани сутунҳо ва навиштаҷоти иншоотҳои рекламии сустниҳод имконпазир аст.

Дар иртибот ба якбора бад шудани вазъи ҳаво Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифодаи обгармкунҳои барқӣ ҷиддан риоя кунанд, қувваи барқро сарфакорона истифода баранд.

 Ҳамчунин бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон тавсия дода мешавад:

  • воситаҳои нақлиётиро барои истифодаи зимистон омода созанд;
  • коршоямии воситаҳои нақлиётиро санҷанд;
  • чархҳои воситаҳои нақлиётиро бо чархҳои зимистона иваз намоянд, воситаҳои нақлиётии боркашро бо занҷирҳо ба хотири муқовимат дар роҳҳои барфиву яхӣ, лампаҳои лаҳимкорӣ, таҷҳизоти гармкунанда таъмин созанд, системаи гармидиҳии мошинҳоро ҳатман санҷанд;
  • ҳамеша дар бордони воситаҳои нақлиётии худ сарулибоси гарм, фонус, бел, таноб, бушкаи эҳтиётии пур аз сӯзишворӣ, гугирд, термос бо оби гарм дошта бошанд;
  • доруқутии воситаҳои нақлиётиро бо доруҳои нав ва тоза иваз намоянд;
  • бо ҳамон суръате воситаҳои нақлиётиро ронанд, ки бехатарии ҳаракати роҳҳо таъмин бошад, қоидаи ҳаракатро ҳангоми гузаштан аз назди мактабҳо, чорроҳаҳо, пулҳо, ҳамчунин гардишҳо ва нишебиҳо риоя намоянд;
  • ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни воситаҳои нақлиётиро зиёдтар аз меъёри муқаррарӣ афзоиш диҳанд, чун дар роҳҳои лағжонак ва пурлой нигоҳ доштани мошин мушкилтар аст;
  • барои пешгирӣ аз лағжиш аз манёврҳои тез худдорӣ варзанд;
  • агар Шумо сари вақт натавонистед воситаҳои нақлиётиро барои зимистон омода созед ва ё таҷрибаи кофии ронандагӣ надоред, пас хуб аст, ки аз сафар худдорӣ намоед;
  • тавсияҳои кормандони БДА, ВКД,  КҲФ дар бораи маҳдудиятҳо дар ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои хатарзо ба хотири пешгирӣ аз фалокати лағзиши  тарма ва резиши санг ҳатман иҷро намоед;
  • ҳаракат бо мошин дар шабҳо ва ҳолати тирагии ҳаво маҳдуд созед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз кулли шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат дар чунин рӯзҳо, чорвочаронӣ, роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳиро маҳдуд созанд.

Лентаи хабарҳо
0