Раҳмон: бо қабули Конститутсия дар Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Кохи Борбад ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Иштироки Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25 солагии қабули Конститутсия

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Кохи Борбад, таъкид намудааст, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад.

“Мутаассифона, эълони истиқлол дар давлати мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад”, - гуфт Эмомалт Раҳмон.

Президенти кишвар зикр кард, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам орад.

Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 ноябри соли 1994 сокинони мамлакат дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз аҳамияти Конститутсия дар рушди кишвар ёдовар шуд

“Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”,- таъкид дошт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Вай гуфт, меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш изҳори боварӣ кард, ки Конститутсияи Тоҷикистон боз садсолаҳои дароз барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва оромиву осоиши ҳар як фарди Ватан хизмат хоҳад кард.

Ҷамъомади тантанавиро ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон барномаи рангини идонаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома дод.

Лентаи хабарҳо
0