17:34 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана

Сафири Эрон дар Душанбе вобаста ба даргузашти Валӣ Самад ба Тоҷикистон таслият гуфт

© Sputnik / Антон Быстров
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
441 0 0

Сафири Эрон дар Душанбе даргузашти устод Валӣ Самад адиб ва Шоҳномапажуҳи тоҷикро ба миллат ва давлати Тоҷикистон таслият гуфт.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории "Parstoday", дар пайёми таслияти Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон омадааст, устод Валӣ Самад умри худро барои эътилои забон ва адаби муштараки Эрон ва Тоҷикистон сипарӣ кард.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки устод Валӣ Самад мулақаб ба "падари забони тоҷикӣ" ҳафтаи гузашта дар сини 83 солагӣ даргузашт.

Маъруфтарин китоби ӯ дар Эрон  "Фирдавсӣ ва шоҳнома дар Қафғоз" аст.

Устод Валӣ Самад дар ин китоб баррасии пажуҳишҳои анҷомшуда дар бораи Фирдавсӣ ва шоҳнома дар ҳавзаи Қафғоз пардохта ва пажуҳишгарони баноми гурҷӣ, арманӣ ва туркманро, ки арзиши волои Шоҳномаро дарёфта буданд муаррифӣ кардааст.

Тибқи иттилои сомонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст.

Соли 1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти “Дониш”-и вилоят, сипас ба сифати муаллими донишгоҳи мазкур фаъолият бурдааст.

Соли 1964 шомили аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронида, соли 1976 дар мавзӯи “Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дар бораи таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору узбек мебошад.

Китобу рисолаҳои “Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX”, (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), “Пайвандҳои адабӣ–омили муҳимми рушди адабиёт” (1976), “Тӯшаи ҳамдилӣ” (1989), “Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал” (1992), “Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” дар Қафқоз” (Теҳрон, 2000), “Дурахши як ахтари сӯзон” (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), “Бозгашт ба Ироншаҳр” (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва Чернишевский” (2004, 2005) аз беҳтарин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад арзёбӣ шудааст.

Ӯ ҳамчунин муаллифи “Меҳрнома” мебошад, ки бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ таълиф шудааст.

Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ аз июли 1989, узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон аз октябри 1993, узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон аз марти 2003, узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон аз марти 2003, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Рӯдакӣ”  (Эрон, 2000) ва маҷаллаи “Адаб” (Тоҷикистон, 2001) мебошад.

Марҳум аз аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ