04:28 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото

Дар Тоҷикистон теъдоди бознишастагон афзоиш ёфт

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Дар аввали соли равон теъдоди бознишастагон беш аз 686,6т ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар давоми нуҳ моҳ ин нишондиҳанда ба беш аз 696,6 ҳазор нафар расид

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон теъдод бознишастагон дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор нафар афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст Ожонсии омори Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар аввали соли равон теъдоди бознишастагон беш аз 686,6 нафарро ташкил медод, аммо дар аввали моҳи октябр ин нишондиҳанда ба 696,6 ҳазор нафар расид.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шудааст, ки теъдоди бознишастагон дар аввали моҳи сентябри соли равон 700 ҳазору 870 нафарро ташкил медод, аммо то аввали моҳи октябр теъдоди онҳо ба 4251 нафар коҳиш ёфт ва дар маҷмӯъ 696 ҳазору 619 бознишастаро ташкил дод.

Инчунин, қайд шудааст, ки  маблағи пардохти нафақа дар Тоҷикистон дар моҳи январ-сентябри соли равон юо дарназрдошти бақия дар аввали сол 1 миилларду 792,3 миллион сомонӣ, ки муодили 184,9 миллион доллра мебошад, ташкил додааст.  

Ёдрас мешавем, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар мераванд. Дар моҳи августи соли равон Тоҷикистонро беш аз 54 ҳазор нафар ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ тарк кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10 ҳазор нафар зиёд будааст.

Барчаспҳо:
бознишастагон, теъдод, афзоиш, коҳиш, Тоҷикистон, бознишастагӣ

Мавзӯъҳои асосӣ