18:48 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Сомони и рубли, архивное фото

Қарори додгоҳ: 27 ҳазор сомонӣ ҷарима барои мубодилаи 232 ҳазор рубл

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
585 0 0

Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ наздики 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муомилот бо асъори хориҷӣ тибқи қонун манъ аст, гузориш медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои даст задан ба амали мазкур бо қарори додгоҳ 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду соҳибкор дар Ҳисор ба прокуратура ирсол шуд

Гуфта мешавад, Раҳимов Абдусубҳон Латифовия рӯзи 29 – уми майи соли равон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз харидори шартӣ барои фурӯши 10 адад нишастгоҳи оҳанини замонавӣ 232 ҳазор рубли рӯсӣ, баробар ба 33 ҳазору 895 сомонию 20 дирам гирифта, гайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муомилот кардааст.

Оид ба ин ҳолат, аз тарафи прокурори ноҳияи мазур нисбати  Раҳимов А.Л. бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.

Оғози тафтишот алайҳи молики мағозаи “Олами тилло”-и бозори Корвон

 Бо қарори суди ноҳия,  Раҳимов Абдусубҳон Латифович дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 27 ҳазор 500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Барчаспҳо:
асъори хориҷӣ, мубодила, ҷарима, қарор, додгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ