17:13 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
 Новый терминал душанбинского аэропорта

Аҷобат: вуруд ба фурудгоҳи Душанбе танҳо барои нафарони чиптадор иҷозат аст

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
891 0 0

Маъмурияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қарореро ба тасвиб расонидаст, ки тибқи он минбаъ вуруд ба фурудгоҳ барои нафарони бечипта қатъиян манъ аст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik.  Дар даромадгоҳи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, нусхаи  қарори директори фурудгоҳ насб гардидаст, ки тибқи он барои нафарони бечипта даромадан ба бинои фурудгоҳ манъ карда шудаст.

Бар хабари сомонаи Tajikistantimes , маъмурияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ахиран қарореро ба имзо расонидаст, ки тибқи он фақат ашхоси чиптаи ҳавопаймоидошта метавонад вориди фурудгоҳ шавад.

Қарори роҳбари фурудгоҳ дар ҳоле ба тасвиб расидаст, ки Тоҷикистон дар пешорӯи фасли сармо қарор дорад ва нафароне, ки барои гусел ва ё пешвози пайванданашон ба фурудгоҳ мераванд, дар ҳавои хунук чӣ гуна интизорӣ мекашанд?.

Роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе, назорати иҷрои фармоиши мазкурро ба зиммаи Муовини Директори генералӣ Меликов А.И. вогузор намудаст.

Қайд мегардад, ки нисбати вайронкунандагони талаботҳои фармоиши мазкур, мутобиқи моддаи 62 - и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома "Дар бораи интизоми меҳнат" - и ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ҷазоҳои интизомӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда мешавад.

Фурудгоҳи байналмилалӣ: таъмири шаш бинои истиқоматӣ бо супориши Рустами Эмомалӣ анҷом ёфт

манбаъ аз қавли намояндагони фурудгоҳ менависад, ки дар рӯзҳои сармою борон авроди гуселнамуда ва ё пешвозгирифта, беҳтараш дар мошинҳои шахсии худ паноҳ баранд.

Барчаспҳо:
манъи вуруд, Душанбе, фурудгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ