11:27 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
959 0 0

Хакерҳо ба саҳифаи Instagram - и овозхони номдори Тоҷикистон Нигина Амонқулова ҳамла карда онро шикастаанд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дирӯз хакерҳо саҳифаи сарояндаи машҳури Тоҷикистон Нигина Амонқуловаро дар Instagram шикастанд.

Дар ин бора tamoshow хабар дода, афзудааст, ҳамакнун мушкилот бартараф шудааст ва Нигина Амонқулова бо суроғаи ҷадид - @nigina_amonqulova дар Instagram фаъол аст.

"Ба ҳама салом! Дирӯз саҳифаи Нигина Амонқулова аз тарафи хакерҳо шикаста шуд. Нороҳат нашавед, мо роҳ ҳалашро ёфтем ва акнун Нигина дар суроғаи @nigina_amonqulova
фаъол аст", - омадааст дар хабарнома ва аз мухлисони сароянда даъват шудааст, ки ба саҳифаи ҷадиди Нигина обуна шаванд.

Ин охирон аксест, ки дар саҳифаи ҷадиди Нигина Амонқулова нашр шудааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

@olami_sitoraho ❤❤❤ @mehrojm11

Публикация от Nigina Amonqulova 🔷️ (@nigina_amonqulova)

Айни замон дар саҳифаи Нигина Амонқулова дар Instagram 105 аксу видео нашр шуда ва 163 ҳазор кас обуна шудааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

@olami_sitoraho ❤❤❤ @madina.aknazarova_

Публикация от Nigina Amonqulova 🔷️ (@nigina_amonqulova)

Барчаспҳо:
Инстаграм, ҳамла, Нигина Амонқулова

Мавзӯъҳои асосӣ