05:28 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Концерт в театре оперы и балета имени Садриддина Айни

Таҷлили ҷашни Рӯзи театри тоҷик дар Душанбе

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Ҳамасола 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 7 ноябри соли равон соати 17:30 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик барномаи идона баргузор мегардад.

Аслӣ Бурҳонов – шоҳиди таъсиси синамо ва театри тоҷик

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар барномаи идона, ки бо иштироки доираи васеи собиқадорону кормандони театрҳои мухталиф, намояндагони васоити ахбори омма ва мухлисони театр сурат мегира, намоиши аксҳо ва либосҳои саҳнавӣ, табрикоти расмии роҳбарияти соҳаи фарҳанг ва табрикоти бадеии гурӯҳҳои театрӣ аз пойтахти кишвар ва минтақаҳои гуногуни диёрамон дар назар аст.

Коршинос гуфт, намоишномаҳои театри тоҷик замонавӣ нестанд

Ёдрас мешавем, ки  Ҳамасола 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд.

Барчаспҳо:
таҷлил, Рӯзи театри тоҷик, театр, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ