05:12 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Флаги СНГ, архивное фото

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ дар заминаи беҳдошт мешавад

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Таърихи 8 ва 9 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Ҳамсуд дар заминаи беҳдошт баргузор хоҳад шуд, ки дар он қарор аст, вузарои тандурустии кишварҳои ИДМ иштирок хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ҷаласаи Шурои ҳамкориҳои Ҳамсуд дар заминаи беҳдошт дар таърихи 8 ва 9 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Раҳмон: таъмини манфиатҳои кишварҳои ИДМ аз амалҳои минбаъдаи ҳамоҳангшуда вобаста аст

Қарор аст, дар ин нишаст Вазирони беҳдошти кишварҳои ҳамсуд ширкат кунанд, иттилоъ додааст манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, ширкаткунандагони ин нишаст масоили марбут ба ҳамкорӣ дар заминаи муроқибатҳои беҳдоштӣ ва ҳамчунин бархе иқдомоти ҳуқуқӣ дар ин заминаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳамоиши роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Душанбе

Шурои ҳамкории кишварҳои Ҳамсуд дар ҳавзаи беҳдошт дар соли 1992 эҷод шуда ва вазирони беҳдошт ва пизишкони баландпояи кишварҳои узви ин иттиҳодия аз аъзои он мебошанд.

Барчаспҳо:
ИДМ, тандурустӣ, Китобхонаи миллӣ, ҷаласа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ