Рустам Наботӣ раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таъин шуд

© Sputnik / Сергей ГунеевПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор шуд, раиси ин созмон интихоб карда шуд

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Рустам Наботӣ раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон интихб гардидааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки Рустам Наботӣ, дар ҷараёнӣ баргузории Шӯрои олимони ҷавони кишвар бо тарафдории зиёди аъзоёни Шӯро ва иштирокдорони ҷаласа раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таъин гардид.

Бояд қайд кард, ки имрӯз 7 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таҳти раёсати Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои доир ба фаъолияти Шӯро дар соли 2017 – 2019 раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон Аҳлиддин Саймуддинов гузориш дода, дастовардҳои аъзоёни Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистонро дар ин давра бесобиқа унвон кард.

Вай зикр намудааст, ки олимони ҷавони кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар самтҳои мухталифи илм дастовардҳои назаррасро соҳиб гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0