Даргузашти охирин “марди ҷанг” – и Хуҷанд: аз шаҳр 12 ҳазор ба ҶБВ рафта буданд

© дафтари матбуоти шаҳрдории ХуҷандҚориҷон Аҳмадов, собиқадори ҷангу меҳнат аз шаҳри Хуҷанд, дар синни 98-солагӣ дунёро падруд гуфт
Қориҷон Аҳмадов, собиқадори ҷангу меҳнат аз шаҳри Хуҷанд, дар синни 98-солагӣ дунёро падруд гуфт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Охирон иштирокчии марди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз шаҳри Хуҷанд дунёро тарк кард

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Маъмур Юсуфов, сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Қориҷон Аҳмадов, собиқадори ҷангу меҳнат буда, 98 соли зиндагии худро ба сар мебурд.

Портреты Мирзо Бабаджанова в Центральном музее Вооруженных Сил СССР  - Sputnik Тоҷикистон
Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

“Ӯ 19-уми ноябри соли 1942 дар синни 18-солагӣ дар баробари ҳазорҳо тоҷикистонӣ ба ҷабҳаи ҷангҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ рафт ва борҳо ҷароҳат бардошта, дар шифохонаҳои низомӣ табобат гирифт ва аз дигар майдони ҳарбро интихоб кардааст” – мегӯяд Маъмур Юсуфов.

Қориҷон Аҳмадов дар яке аз муҳорибаҳои калидии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ – ҷанг барои Сталинград ширкат намуда, захмӣ мешавад ва пас аз рухсат шудан аз шифохона дубора ба ба майдони набард меравад ва дар озодии шаҳрҳои Киев, Житомир, ҷумҳуриҳои собиқи урдугоҳи сотсиалистӣ - Чехословакияву Полша ва ҳам Австрия аз артиши Олмони фашистӣ саҳм мегирад.

Шириншо Шотемур - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати писари Шириншоҳ: аз қитиқи пойи падар то саргузашти оила баъди "террор" - акс

Маъъмур Юсуфов мегӯяд, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд танҳо як зан - собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунад, ки Малина Рабича ном дорад. Охирин марди он ҷанги таърихӣ (1941 – 1945) аз шаҳри Хуҷанд марҳум Қориҷон Аҳмадов буд.

Дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз шаҳри Хуҷанд 12 000 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Аз ин теъдод 1540 нафар бедарак шудаанд ва ду нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, ду нафари дигар ҳар се дараҷаи “Шараф”, мӯътабартарин орден ё нишони ин ҷангро гирифтаанд. Дар ин робита раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба пайвандони Қориҷон Аҳмадов изҳори тасаллият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0