11:12 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Амнистия заключенных в Согдийской области

Панҷ эронӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37710

Бо пайгириҳои сафорати Эрон дар Душанбе панҷ шаҳрванди Эрон аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуда, ба кишварашон баргаштанд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Панҷ нафар аз эрониёни зиндонӣ дар Тоҷикистон бо пайгириҳои сафорати Эрон дар Душанбе озод шуда ва ба кишварашон бозгаштанд.

Ба гузориши ИРНА, идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷии Эрон бо ройзаниҳо ва пайгириҳои сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир панҷ нафар аз эрониёни зиндонӣ дар он кишвар афв ва озод шуданд. Ин афрод пас аз озодӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон ба Эрон бозгаштаанд.

Ёдрас мешавем, баъди қабули Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв” то 1 ноябри соли 2019 танҳо аз муассисаҳои ислоҳӣ ва тафтишотии вилояти Хатлон 1 ҳазору 691 маҳкумшуда озод гардиданд, ки миёни онҳо занон ва ноболиғон низ ҳастанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки муҳлати амали Қонуни афв ду моҳ буда, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони маҳкумшуд, аз ҷумла ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Барчаспҳо:
зиндон, шаҳрвандон, озод, афв, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ