18:14 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Вакилони мардумӣ имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ниҳолпарварӣ"-ро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши ниҳоди дахлдор дар Шӯро тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ниҳолпарварӣ", лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок" баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки зимни баррасии тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ниҳолпарварӣ" таъкид гардидааст, ки татбиқи як қатор барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон имконият дод, боғу токпарварӣ ба соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил ёфта, барои афзун намудани иқтидори содиротии кишвар ва ҳалли масъалаҳои ичтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузоранд.

Дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо истифода аз ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ корҳои кабудизоркунӣ амалӣ карда мешаванд.

Мақсади пешниҳоди тарҳи Қонуни мазкур муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ташаккулёбии низоми ниҳолпарварӣ дар истеҳсол ва фурўши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеҳсолкунандагони маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, бамеъёрдарории фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ ва мутобиқгардонии муносибатҳо вобаста ба пешбурди соҳа ба талаботҳои  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тасмими таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия барои картошкапарварӣ

Вакилон бар инанд, ки танзими ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ниҳолпарварӣ имконият медиҳад, ки дар кишвар баробари истифодаи оқилонаи фонди генетикии навъҳо барои ба вуҷуд овардани навъҳои дорои хусусиятҳои хуби биологию хоҷагидорӣ дошта, нигоҳдории гуногунии биологии ниҳолҳо, аломату хусусиятҳои беҳтарини навъҳои маҳаллӣ ва ояндадор ҳифз карда шаванд.

Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми кори ҷаласаи Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардидаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.

Барчаспҳо:
баррасии тарҳи қонуни ҷадид, Тоҷикистон, Парлумон

Мавзӯъҳои асосӣ