22:53 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Амнистированные заключенные Вахдатской колонии

Дар вилояти Суғд 540 нафар аз мутаҳамон ба ифротгароӣ аз маҳбас озод шуданд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
471 0 0

Додситони вилояти Суғд аз озодии 540 нафар маҳбусоне, ки ба ифротигарӣ айбдор шуданд ва дар зиндонҳои вилояти Суғд қарор доштанд, хабар дод

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ҳабибуллоҳ Воҳидов дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангии нерӯҳои амниятӣ ва интизомии вилояти Суғд таъкид намудааст, ки дар доираи қонуни афв, ки ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсия ба имзо расид, 2 ҳазору 10 нафар аз зиндониёни минтақаҳои шимоли Тоҷикистон озод шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, Ҳабибуллоҳ Воҳидов цайд кардааст, ки миёни 540 нафар аз мутаҳамон ба терорризм ва ифротгарӣ ,ки аз зиндонҳои вилояти Суғд озод шуданд ,359 тан гумонбар ба мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои мамнуъа ва парвандаи 181 нафар низ дар ҳоли баррасӣ буд.

Ёдрас мешавем, баъди қабули Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв” то 1 ноябри соли 2019 танҳо аз муассисаҳои ислоҳӣ ва тафтишотии вилояти Хатлон 1 ҳазору 691 маҳкумшуда озод гардиданд, ки миёни онҳо занон ва ноболиғон низ ҳастанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки муҳлати амали Қонуни афв ду моҳ буда, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони маҳкумшуд, аз ҷумла ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, озод, ифротгароӣ, зиндон, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ