23:34 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Афви маҳбусон, акс азбойгонӣ

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
772 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар ба масъалаи ҷилавгирӣ аз фасодкорӣ зимни афви маҳбусон таъкид намудааст

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои амният, Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия дар бораи рафти иҷрои қонуни афв гузориш додаст.

“Иҷроиши Қонуни зикргардида дар Сарраёсат асосан таъмин карда шуда, он нисбати зиёда аз даҳ ҳазор нафар маҳкумшудагон аллакай татбиқ гардид. Аз ҷумла, зиёда аз шаш ҳазор нафар шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазоро адо менамуданд, аз адои ҷазо озод карда шуданд”, - изҳор доштааст Мансурҷон Умаров.

Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро барои сари вақт таъмин намудани иҷрои Қонун “Дар бораи авф” ҷалб намуда, барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ зимни татбиқи он, дастурҳо додаст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маҷмуъ дар доираи қонуни афв 7 ҳазор аз маҳбас озод мегарданд, 4500 нафари дигар аз ҷазоҳое, ки марбут ба ҳабс нестанд, озод мешаванд. Инчунин зиёда аз 2 ҳазор нафаре, ки парвандаашон дар ҳоли таҳқиқ аст, афв мегарданду муҳлати ҳабси маҳкумшудаҳои дигар кам мешавад.

Барчаспҳо:
ҷаласаи Шӯрои амният, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ