07:33 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Деҳае дар вилояти Хатлон аз даврони Шӯравӣ то кунун барқ надоранд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
221 0 0

Сокинони деҳаи Сарикокули ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз даврони Шӯравӣ то кунун аз набудани қувваи барқ азият мекашанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон 30 хоҷагӣ аз даврони Шӯравӣ то кунун аз истифодаи қувваи барқ маҳрум мебошанд.

Тавре сокинони ин маҳал ба рӯзномаи “Фараж гуфтаанд, онҳо то ҳол  хонаҳояшонро бо шамъ равшан мекунанд.

Даҳҳо сокини деҳаи Сарикокули ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи мазкур дар суҳбат гуфтанд, ки аз набудани қувваи барқ аз замони таъсисёбии деҳа то ҳол азият мекашанд.

Онҳо орзу доранд, ки  дар солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ниҳоят масъулон ба додашон мерасанду хонаҳои онҳоро бо барқ таъмин месозанд.

Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тасдиқ намудааст, ки деҳаи мазкур дар ҳақиқат аз истифодаи неруи барқ маҳрум аст.

Вай афзуд, ки то соли 2021 ин деҳа бо барқ таъмин хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
Шӯравӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, барқ, Тоҷикистон, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ