Соҳибкор бо харҷи 5,5 миллион сомонӣ “Истаравшан-ситӣ” сохт

Обуна шудан
Соҳибкор Абдувоҳид Қулиев бо сарфи 5,5 миллион сомонӣ дар шаҳри Истаравшан Маркази фароғатию тиҷоратии “Истаравшан-ситӣ” бунёд кард

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Истаравшан Маркази фароғатию тиҷоратии “Истаравшан-ситӣ” ифтитоҳ ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи раиси нави шаҳри Истаравшан чӣ медонем

Бино бар иттилои манбаъ, бинои истиқоматии баландошёна ва Маркази фароғатию тиҷоратии “Истаравшан-ситӣ”, дорои 8 ошёна мебошад.

“Масоҳати умумии иншоот, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдувоҳид Қулиев бунёд гардидааст, 806 метри мураббаъ буда, барои сохтмони он 5,5 миллион сомонӣ сарф шудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни ифтитоҳи иншоот аз раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ дар вилоят ёдовар шуда, саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал назаррас арзёбӣ кард.

Таъкид карда шуд, ки бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна ва марказҳои хизматрасонӣ барои таъмини сокинон бо манзил ва ҷойи корӣ амри заруриву саривақтӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0