07:16 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото

Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод карданд

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
294501

Устод ва шогирди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар рӯзи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод карданд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Муовини декан Афзалшоҳ Бобозода ва Зарина Саидова, донишҷӯи соли сеюми факултаи муносибатҳои байналмилалии ин донишкада дар як тандем – маърӯза, ё маърӯзаи муштарак тамоми хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро баршумурда, ӯро сазовори "Ҷоизаи Нобелии Сулҳ" эълон карданд.

Ин пешниҳод дар толори ин донишкада ва дар ҷамъи устодону донишҷӯён садо дод.

“Ин аз ҳар як ҷавон талаб менамояд, ки дар радифи ин гулдухтари шуҷоъ дастгиру пайрави ақидааш гардида, ба ҷаҳониён собит созем, ки дар барқарор намудани сулҳ ягон Сарваре ҳамтои Пешвои мо несту шуда наметавонад”, - навиштааст дар сафҳаи фейсбукии худ донишҷӯи дигаре аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон.

Зарина Саидова барандаи озмуни "Донишҷӯи сол-2019" низ мебошад. Ин аввалин пешниҳоди ба президенти фаълии Тоҷикистон додани Ҷоизаи Нобел нест.

Соли 2016 Ҳикматулло Насриддинов, сиёсатмадор ва номзади собиқ ба президентии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳмаш дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон ба ин ҷоизаи мӯътабар пешниҳод карда буд.

Соли 2018 Анҷумани ӯзбекҳои Тоҷикистон барои пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҷамъъоварии имзо шурӯъ карда буд.

Ҳамон сол як намояндаи Ҳизби ҳокими либерал-демократии Ӯзбакистон низ пешниҳод карда буд, ки ба президент Шавкат Мирзиёев ҷоизаи Нобел дода шавад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, пешниҳод, Ҷоизаи Нобел, Президент, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ