07:42 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
201-я РВБ, архивное фото

Русия то соли 2023 дар пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон 20 иншоот месозад

страница 201-й РВБ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон эълон намудааст, ки то соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 20 адад иншооти маишию фарҳангӣ бунёд хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон” мақомоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон эълон намудааст, ки то соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 20 иншооти маишию фарҳангӣ бунёд хоҳад шуд.

Сергей Горячев, фармондеҳи ин пойгоҳи низомӣ, ба хабарнигорон гуфтааст, дар пойгоҳ биноҳои манзилӣ ба мисли хобгоҳи умумӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва мактаб сохта мешаванд.

“Бар асоси нақша дар шаҳраки низомии шаҳри Душанбе 22 иншоот, аз ҷумла, 7 бинои манзилӣ (ҳар кадоме бо 85 утоқ), маркази фарҳангию фароғатӣ бо 600 ҷойи нишаст, мактаб барои 950 хонанда ва боғчаи кӯдакон барои 200 нафар бунёд хоҳад шуд”, -гуфт Сергей Горячев.

Ҳамзамон вай таъкид кардааст, ки феълан дар пойгоҳи низомӣ казарма барои 500 нафар, ошхона барои 1140 нафар ва зеристгоҳи барқӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доштааст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб шуда ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Тибқи Созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия, ки дар моҳи октябри соли 2012 имзо шуда буд, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 фаъолият хоҳад кард.

Барчаспҳо:
бунёд, иншоот, эълон, пойгоҳи низомӣ, пойгоҳи 201, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ