22:55 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей

Пардохти роҳкиро дар автобусҳои шаҳри Хуҷанд тариқи кортҳои нақлиётӣ сурат мегирад

© Пресс-служба председателя города Худжанд
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
293 0 0

Шаҳри Хуҷанд бо кумаки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз Русия 100 адад автобусҳои истеҳсоли Русия ворид кард, то ки сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш беҳтару хубтар шавад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд”, дар доираи лоиҳаи мазкур марҳилаи ба роҳ мондани пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ оғоз ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Манбаъ қайд намудааст, ки низоми мазкур бо мақсади соддагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардидааст.

“Амалӣ намудани ин лоиҳа як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаи мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар доираи лоиҳа харидории таҷҳизоти лозима аз ҷумла насби терминалҳо пешбинӣ шудааст.

Алҳол марҳилаи якуми тендер гузашта, давраи омодагӣ ба марҳилаи дуюми тендер бо иштироки ширкатҳои “Авесто-гуруҳ”-и Тоҷикистон, “Микроэлектроника”-и Қазоқистон ва “Технодата” -и кишвари Чехия ҳамчун довталабони асосӣ иштирок хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд зикр намудааст, ки баъд амалӣ шудани лоиҳа хизматрасонӣ дар автобусҳо пурра тариқи кортҳои электронӣ сурат гирифта, шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва ё худ бевосита аз ронандагон дастрас намоянд.

В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей
© Пресс-служба председателя города Худжанд
В Худжанде вводят в эксплуатацию автобусы с электронной системой платежей

Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат хоҳанд кард.

Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад маблағи роҳкироро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид (чек) гирад.

Ҳамзамон кортҳои имтиёзнок барои иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуд, наврасони то 10 сола ва то 50 фисад иимтиёз пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки амалишавии пардохти ғайринақдӣ аз оғози семоҳаи дуюми соли 2020 сурат гирад.

Барчаспҳо:
пардохт, нақлиётӣ, роҳандозӣ, корти пардохт, нақлиёт, автобусҳо, Русия, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ