00:10 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Национальный банк Таджикистана

Роҳандозии Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо дар Бонки миллӣ

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Бонки миллии тоҷикистон эълон намудааст, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллӣ ба фаъолият шурӯъ кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллӣ “Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Тоҷикистон” санаи 27 сентябри соли равон тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи кишвар рӯзи 15 ноябри соли равон ба қайд гирифта шуд.

Дар ин бора дафтари маӣбуоти Бонки милии Тоҷикистон хабар додааст.

Масъулини Бонки милли таъкид намудаанд, ки тибқи қарори мазкур, аз 18 ноябри соли равон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба таври пилотӣ бомуваффақона бо ташкилотҳои қарзӣ ба фаъолияти худ шурӯъ кард.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.

Тибқи дафтари матбуоти БМТ тартиби мазкур дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” санаи 20 ноябр нашр шуда, матни пурраи он дар шакли электронӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.

Барчаспҳо:
суратҳисоб, маблағ, интиқол, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ