Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо сафири Амрико ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил кард

© Пресс-служба мэра ДушанбеМэр города Душанбе и осол США Джон Марк Поммершайм
Мэр города Душанбе и осол США Джон Марк Поммершайм - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон да бораи густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва барномаҳои илмӣ-маърифтӣ табодули афкор карданд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе мухтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.

Госдепартамент США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Департаменти Амрико Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои барои сайёҳон хатарзо шомил намуд

Чаро сафорати Амрико ба Рамазон Раҳимзода сипоснома равон кард?

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Амрико мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманди барои ҳар ду тараф муфидро муайян намуданд.

“Дар ҷараёни мулоқот атрофи мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва табодули барномаҳои илмӣ-маърифтӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, иштирокчиёни вохӯрӣ ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Боулдери штати Колорадои Иёлоти Амрико диққати ҷиддӣ доданд.

“Тавре тазаккур дода шуд, солҳои охир муносибатҳои тарафайн дар ҳошияи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боулдер вусъати тоза касб намудааст”, - зикр намудааст манбаъ.

Дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0