Дархости паноҳандагии 77 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон дар нуҳ моҳ

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкВыдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи Идораи умури муҳоҷирони Лаҳистон аз дарёфти дархости 77 тоҷик барои паноҳандагӣ дар ин кишвар, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Якуб Дудзяк сухангӯи Идораи умури муҳоҷирони Лаҳистон гуфтааст, мақомоти сиёсии ин кишвар бо дархости 18 тоҷик барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карда ва ба бақия посухи рад додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Гурҷистон ба 1 шаҳрванди Тоҷикистон мақоми паноҳандагӣ дод

Бино бар иттилои манбаъ, дар 9 моҳи соли 2018 беш аз 144 шаҳрванди Тоҷикистон аз давлати Лаҳистон дархости паноҳандагии сиёсӣ карда буданд.

Дар соли 2017 ин омор 85 нафар эълом шудааст, ки аксари ин афрод далели ин иқдомро таҳти таъқиб қарор доштани хеш дар Тоҷикистон ба хотири афкори сиёсӣ унвон кардаанд. Аммо дар соли 2016 беш аз 882 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон хоста буданд, ки ба онон мақоми паноҳандагии сиёсӣ эъто намояд.

Манбаъ зикр кардааст, ки тайи солҳои ахир байни 8 то 10 ҳазор тоҷик дархости паноҳандагии хеш дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро матраҳ кардаанд, ки аз соли 2017 ин раванд ба далели мухолифати ин кишварҳо коҳиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0