Ҳалокати се кӯдак аз сухтор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкПожар, архивное фото
Пожар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи сар задани сӯхтор, се кӯдаки хурдсол дар як хонаводаи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ин ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 27-уми ноябр дар манзили оилаи Ортиқовҳо дар ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонов рух додааст.

Российские военные в Таджикистане потушили пожар  в жилом доме на окраине Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтор дар меҳмонхонаи нотамоми “Исмоили Сомонӣ” дар маркази шаҳри Душанбе - навор

“Бар асари сӯхтор Шукрулло Ортиқови 6-сола, Инобат Ортиқоваи 4-сола ва Бонуҷон Ортиқоваи 3-сола ҳалок шуданд”, - хабар дод манбаъ

Дар натиҷаи сухтор дар манзили ин хонаводаи ҷамоат, се тан аз аъзои оила, ки ҳама кӯдаки хурдсол буданд ба ҳалокат расидаанд.

 Бино ба иттилоъи манбаъ, рӯзи гузашта ва имрӯз 28-уми ноябр дар маросими ҷанозаи қурбониёни сухтор, намояндагони ҳукумати ноҳия барои расонидани кӯмак ба манзили ин сокини ноҳия рафтаанд.

Баъзе аз сокинони ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонов сабаби сухторро аз ҳисоби нодуруст истифода шудани печи гармидиҳии барқӣ арзёбӣ мекунанд. Бо сард шудани ҳарорати ҳаво, аксар сокинон манзилҳои худро тавассути печ ва бухориҳои барқӣ гарм мекунанд.

То чанд соли пеш басере аз манзили сокинон дар фасли сармо тавассути интиқоли гази табиӣ гарм карда мешуд.

Аммо чанд сол ба ин тараф интиқоли газ ба манзили сокинон ғайриимкон гардид. Зимнан мақомоти тафтишотӣ сабабҳои сар задани сухторро таҳқиқ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0